Субҳи имруз дар вилояти Суғд тибқи нақша-чорабиниҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2019, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи граждании мамлакат-Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва инчунин дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон, баҳри муайян намудани сатҳи омодагии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва омода намудани ҳайати роҳбарикунанда ва аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда бонги хатар эълон карда шуд.
Чорабиниҳое, ки қарор аст рӯзҳои 18-20-уми апрели соли равон сурат гиранд, мавзуъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳр ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 5-6 балла»-ро тамрин мекунанд.
Бо ин мақсад дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии муовини Раиси Комиссия – муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода, дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Раиси шаҳр, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва дар шаҳри Гулистон бо роҳбарии Раиси шаҳр, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ситод баргузор шуд ва масъулин барои гузаронидани ин чорабиниҳо супориш гирифтанд.
Роҷеъ ба тартиби гузаронидани амалиётҳо машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи вилоят ва шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон Роҳбари машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи вилоят, сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Файзуллозода Умматулло Икром суханронӣ намуда, ба ҳозирин оиди вазъияти умумии шарти тамрини мукаммал, марҳилаҳо, ҳадафҳои машқ маълумот дода, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар рафти гузаронидани амалиётҳои ба онҳо вобасташуда қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Ситод муовини Раиси Комиссия – муовини Раиси вилоят Баҳодурзода Баҳоваддин Раиси шаҳр, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва шаҳри Гулистон Раиси шаҳр, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба масъулин доир ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қарор аст тамринҳо рӯзи 19-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд ва рӯзи 20 апрел дар Гулистон баргузор шаванд.