Савганди садоқати наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Рашт
Чоп шуд: 10/12/2019 | admin
Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Рашт воқеъ мебошанд, наваскарон ба номи Ватан савганди садоқат ёд карданд. Дар ин рӯзи хотирмон барои кулли сарбозони навдаъват роҳбарияти КҲФ, падару модарон, пайвандон, дӯстони наздикашон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.