Сарвазири Ҳинд Нарендра Моди рӯзи сешанбе эълон кард, ки сар аз нимишабии 25-уми март дар кишвар карантини сартосарӣ эълон хоҳад шуд. Вай дар муроҷиат ба шаҳрвандони Ҳинд гуфт: “Шумо бояд бидонед, ки инсони сироятшуда ба коронавирус дар оғоз чун шахси солим ба назар мерасад, зеро ин беморӣ нишонаҳои фаврӣ надорад. Аз ин рӯ тадбирҳои бехатариро риоя намоед, дар хонаҳоятон бимонед”. Моди карантинро дар кишвараш мудати се ҳафта-то 21 рӯз эълон кард. Бино ба омори расмӣ то кунунд 536 нафар сокинони Ҳинд ба короно сироят шудаву 10 нафари онҳо фавтидаанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори сироятёфтагон ба короновирусро бештар аз 420 ҳазор эълон кард.
Дар Русия теъдоди сироятшудагон ба 500 нафар наздик шудааст. Ахиран ситоди фаврии Русия дар мавриди мубориза бо короновирус чораҳои нави муқовимат ба густариши онро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, аз ҳама губернаторони вилоятҳо хоста шудааст, ки клубҳои шабонаву кинотеарҳо ва тафреҳгоҳҳои дастаҷамъиро банданд.
Президенти Русия Владимир Путин аз маркази тиббӣ воқеъ дар Комунарка, ки беморони сироятшуда он ҷо табобат мегиранд, дидан кард. Пеш аз он ки Путин вориди бахши пӯшида шавад, сарулибоси ҳифозатии зард ва ниқоби сиёҳ пӯшид ва баъди он бо беморон ҳамсуҳбат шуд.
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки маҳдудиятҳои иқтисодиро то иди Писҳо, ки 12-уми апрел таҷлил мешавад, лағв хоҳад кард. Рӯзномаҳо навиштанд, ки Тромп аллакай аз карантин хаста шудааст. Сарвари Амрико дар як суҳбат бо Fox News гуфт: “Мо хеле ба зудӣ ин ҳамаро лағв мекунем. Ман мехоҳам кишвар дар ҷашни Писҳо куллан боз бошад”.
Бозиҳои Олимпиадаи тобистона, ки қарор буд 24-уми июл дар Токио оғоз шаванд, то тобистони соли 2021 мавқуф гузошта шуданд. Дар ин бора Кумитаи байналмилалии Олимпӣ рӯзи гузашта хабар дод. Аз ин пештар сарвазири Ҷопон Синдзо Абе низ хостори он шуда буд, ки ин Олимпиада мавқуф гузошта шавад.