Соли гузашта аз 46 офати табиии ба қайдгирифта шуда 24 ҳодиса, яъне 51,2 дарсади онро сел ташкил медод. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 22 сокини кишвар ба ҳалокат расиданд, ки 7 нафари онҳоро сел ба коми марг кашид. Соли 2019 дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар ҷумҳури 136 хонаи истиқоматӣ зарар дид, аз ин 22 хона пурра ва 114 хона қисман хароб гардид. Хисорат 31 миллиону 357 ҳазору 300 сомониро ташкил дод.
Боронҳои шадиди баҳорӣ ҳамеша таҳдид сел доранд. Ин як амри табиист, чун борон зиёд шуд, оби он аз ҷӯйборҳо ба сурати сели вайронкор ҷорӣ мешавад ва пеши роҳаш ҳар хасу хошок, сангу чӯбро мебарад. Маъмулан ин хасу сангу чӯбҳо билохира дар ҷойе банд мехӯранд ва об аз лаби ҷӯю каналҳо берун мерезад. Дар ин гуна ҳолатҳо дар аксар маврид об вориди заминҳои кишт мешавад, лойобаро болои киштзор ва таҳхонаи мардум мерезад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама огоҳиҳои худ таваҷҷуҳи сокинонро ба тоза нигоҳ доштани ҷӯйҳо, каналҳо даъват мекунад. Агар ҷӯйҳо аз хасу хасруба пок бошанд, об маҷрои худро дигар намекунад ва ба самти зарурӣ ҷорӣ мешавад.
Мутаассифона, сокинон на ҳамеша ин корро мекунанд. Фасли баҳор фасли резиши боронҳои шадид аст ва хавфи омадани сел дар саросари нукоти кишвар таҳдиди басо ҷиддист. Ҷумҳурӣ ҳар баҳор бар асари селҳо зарари зиёди моддӣ мебинад, хонаҳои одамон вайрон мешавад, заминҳои кишт хароб мегарданд. Баъзан одамон ҷони худро аз даст медиҳад. Мисоли ин боронҳои сахти рӯзи 21-уми март дар Хатлон буд, ки сокини деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон Мирзоқул Раҳмонқулови 59-сола ба ҳалокат расид ва пайвандони худро дар мотам нишонд.
Соли гузашта аз 46 офати табиии ба қайдгирифта шуда 24 ҳодиса, яъне 51,2 дарсади онро сел ташкил медод. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 22 сокини кишвар ба ҳалокат расиданд, ки 7 нафари онҳоро сел ба коми марг кашид.
Соли 2019 дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар ҷумҳури 136 хонаи истиқоматӣ зарар дид, аз ин 22 хона пурра ва 114 хона қисман хароб гардид. Хисорат 31 миллиону 357 ҳазору 300 сомониро ташкил дод.
Чуноне дида мешавад, бештари харобиҳои расида дар соли 2019 бар асари боронҳои шадид ва омадани селҳои харобкор будаанд.
Аммо ягона роҳи ҳаддиақал коҳиши зарар ин тоза нигоҳ доштани ҷӯй ва заҳбурҳо, каналҳо ва роҳҳои дигари обгузар, мустаҳкам нигоҳ доштани соҳили рӯдхонаҳо ва кӯлҳо мебошад. Обе, ки заминҳоро хароб мекунад ва ба хонаҳои мардум медарояд, ҳамон обест, ки аз ҷӯю каналҳо хориҷ шуда роҳи дигаре намеёбад ва ба ҳар самте барояш муносиб аст, ҷорӣ мешавад.
Ҳангоми сохтани хонаҳои истиқоматӣ дар рустоҳо ҳатман барои муқобила бо сел чораандешӣ бояд шавад. Ин баландтар бардоштани девори бетонии таҳхонаҳост, балантар кардани зербино аз бетон аст, то сел натавонад онро рахна кунад ва вориди ҳавлӣ шавад. Чуноне дар аксҳои аз Хатлон равоншуда мебинем, аксари ин хонаву ҳавлиҳо бе назардошти тадбирҳои амниятӣ сохта шудаанд ва сел ҳам бидуни мамониат деворҳоро рахна карда, ба ҳавлӣ ва таҳхонаҳо даромадааст.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки сокинон ҳангоми сохтани хонаҳои нав ҳатман ин ҷанбаҳоро ба назар гиранд, зеро дар кишвар минтақае вуҷуд надорад, ки аз хавфи омадани сел эмин бошад.
Тоза нигоҳ доштани ҷӯйборҳо ва каналҳо ва ҳамеша назорат кардани онҳо ва анҷом додани корҳои соҳилбандиву мустаҳкам кардани сарбандҳо шарти асосии эминӣ аз хатари сел аст.