Худкушии як духтари 16-сола дар ноҳияи Шуғнон. Сабаб номаълум. Мақомот тафтиш мекунанд

Як духтари 16-сола дар дар ноҳияи Шуғнон даст ба худкушӣ задааст. Ин ҳодиса дирӯз, 29-ноябр бегоҳӣ тақрибан соатҳои 18:30 дар деҳаи Чарсеми ҷамоати деҳоти Вери ноҳия рух додааст. Сабаби ҳодиса маълум нест.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони...

Оғози як давраи омӯзишии дигар барои кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, инчунин бо мақсади беҳтар намудани таълим ва бозомӯзии кормандони тиб ва равоншиносон, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита...

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 63 миллион гузашт. Донишмандони Чин мегӯянд SARS-CoV-2 шояд соли 2019 аввал дар Ҳиндустон пайдо шуда бошад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 63 миллиону 073 ҳазору 287 нафар эълон кард. Ин созмон гуфт, ки то кунун дар саросари ҷаҳон аз КОВИД-19 1 миллиону 465 ҳазору 186 нафар фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон 43 миллиону 546 ҳазору 388 нафар буда, имрӯз дар бемористонҳои олам 105 ҳазору 549 нафар ҳоли вазнин доранд.

Ба Раёсати КҲФ дар ВМКБ харитаҳои минтақаҳои хатарнок расонда шуданд

Харитаҳои таҳияшудаи рақамии минтақаҳои хатарнок, ки дар қаламрави вилоят ҷойгиранд, ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ расиданд.  Харитаҳо дар ҳамкорӣ бо Бахши Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист таҳия шуданд.

Дар харитаҳо хатарноктарин минтақаҳои вилоят нишон дода

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Муҳтарам ронандагон! Дар ҳаракат дар роҳҳои боронӣ эҳтиёт кунед!

Бино ба оморҳои расмӣ тайи рӯзҳои охир дар роҳҳои мухталифи кишвар садамаҳои нақлиётӣ хеле зиёд бамал меоянд ва мутаассифона, дар бисёр мавридҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар миёни қурбониёни садамаҳои марговар ронандагон, мусофирон, занону мардон, пирсолону ноболиғон низ зиёд ба назар мерасанд. Аксари ин садамаҳо бар асари риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон

Страницы