Тармаи дирӯз дар роҳҳои кишвар. Роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ муваққатан баста

Бар асари боришҳои зиёд дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мондааст. Чунончӣ, 24 феврали соли 2021 дар километри 67 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб ва Хоруғ-Мурғоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Дар километри 550 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Рӯшон соати 5:30 субҳи 25 феврал ҳодисаи лағзиши тарма сабт шуд. Дар айни замон барои бартараф намудани паёмадҳои ин офати табиӣ корҳо идома доранд. Роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ муваққатан баста аст. 

Барои тоза намудани роҳҳо аз барфтӯдаҳо хадамоти роҳи ширкати “IRS” ва наҷотбахшони КҲФ, ки шабонабарӯз навбатдоранд, талош ба харҷ медиҳанд. 

Шабонарӯзи гузашта имдодгарони КҲФ ронандагон ва мусофирони 28 мошинро, ки дар километрҳои 65 ва 73 роҳи Душанбе – Айнӣ дармонда буданд, ба маконҳои амн интиқол доданд.  

Гуфтанист, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳҳо дар фасли зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагони Кумита дар қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам навбатдорӣ мекунанд.  Ин тадбирҳо барои пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои пурбарф заруранд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвра хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сарду пурбориш аз сафар ба минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

барчасп: