Сардиҳои шадид дар Амрикои Шимолӣ сабагори қисман ях бастани бузургтарин обшори олам Ниагара шуд. Навори видеоие, ки ахиран дар шабакаҳо гардон шуд, нишон медиҳад, ки гардишгарон ба шавқ ин манзараро расм мегиранд. Дар яке аз ин наворҳо тирукамони хеле равшан ҳам чун як манзараи нодири табиат дида мешавад.
Ин обшор баъди чанд рӯзи сардиҳои шадид дар Амрикои Шимолӣ ях баст. Ҳавои сард минтақаҳои ҷанубии ИМА-ро низ фаро гирифт. Ба ҳадде, ки иёлоти Техас минтақаи офати табиӣ эълон шуд. Сардиҳои ногаҳонӣ сабабгори бе неруи барқ ва об мондани сокинони баъзе аз манотиқ шуд. Нақшаи эмкунии аҳолӣ зидди коронавирус низ дар 20 иёлоти ин кишвар мутаваққиф шуд.
Ях бастани обшори Ниагара ҳодисаи аввалин нест. Соли 2019 низ чунин иттифоқоте пеш омада буд.
Обшорҳои Ниёгаро ба маҷмуъаи се обшор гуфта мешавад, ки дар марзи Амрико ва Канада ҷойгиранд.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН:
-
Тӯфони шадиди зимистонӣ дар Амрико: Қатъи неруи барқ шумори фавтидагонро зиёд кард
-
Лағзиши пиряхи азим дар Ҳинд 14 нафарро кушт ва 145 нафарро бенишон кард (ВИДЕО)
-
Оғози амалиёти наҷоти ҳашт моҳигире, ки дар Сахалин миёни баҳр мондаанд
-
Шикори нобарор: Дар Петербург подполковники политсия ба ҷойи шоҳгавазн як марди 59-соларо кушт