Поккориҳо дар Суғд

Дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат дар ҳамкорӣ бо хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд​ корҳои безараргардонӣ идома доранд. Корҳои поккорӣ  бо роҳбарии афсарони масъули Раёсат ва аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд, наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар...

Ва дар вилояти Хатлон низ...

Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ рӯзҳои гузашта корҳои поксозии биноҳо, иншоотҳо, кӯчаву хиёбонҳо, растаҳо, бозорҳо, даромадгоҳи биноҳои истиқом атӣ ва ғайра идома доштанд.

Бино ба гузориши ҳамкоронамон аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон...

Боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта: резиши санг ва селҳои азими харобиовар. Роҳҳои кишвар пурра бозанд!

Ба асари боронҳои шадид дар қаламрави алоҳидаи кишвар ҳодисаҳои резиши санг ва омадани селҳо ба қайд гирифта шуданд. Чунончӣ, борони шадид лойу лойқаи азимро ҷамъ овард ва роҳҳоро дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Бунҷикатро баст, сел мушкилоте ба роҳҳои байни деҳаҳо дар ноҳяҳои Турсунзода ва Ҳисор овард. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин офатҳои табиӣ техникаи махсус ҷалб шуда, роҳҳо аз лойю...

Ҳавои номусоиди рӯзи 14-уми май. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии мамлакат 14-уми майи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) ҳавои номусоид дар назар аст. Боронҳои шадид, раъду барқ ва дар баъзе манотиқ боридани жола пешбинӣ мешавад.

Сад ҳазор доллар кӯмаки Бонки осиёии Рушд ба Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо короновирус

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки Бонки осиёии Рушд (БОР) ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси нав  COVID-19 ва дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон   100 ҳазор доллар грант ҷудо намудааст.

Страницы