COVID-19: Президенти Сурия Асад ва ҳамсараш Асмо низ ба КОВИД-19 мубтало шуданд

Аз ҳамагирии коронавирус дар олам беш аз дигарон ва бештар аз мардон занон ҷабр диданд. Дар ин бора рӯзи 8-марти соли равон Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  Тедрос Аданом Гебрейесус хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар ин беморӣ бештар занон талаф шудаанд. Аз сӯйи дигар мушкилоти аслии хонаводагӣ дар иртибот ба беморӣ, аз ҷумла, парастории кӯдакону пирсолон низ сарбори мушкили бонувон буд.

192 000 воя воксани зидди коронавирус рӯзи гузашта тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе расид

Аввалин  дозаҳои воксан дар доираи барномаи байналмилалии COVAX , ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ роҳандозӣ мешавад, ба Тоҷикистон расид. Вазорати тандурустии кишвар бо интишори хабар ва як суратгузориш аз фурудгоҳи пойтахти кишвар навишт: Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои...

ДОНИШ. Ҳавзи пурхатартарини олам. Обшори Виктория

Обшори Виктория як обшори табиӣ дар ҷануби қораи Африқо, ки бар рӯи рӯдхонаи Замбезӣ ва бар рӯи хати марзии Замбия ва Зимбабве қарор дорад.  Дарозии обшори Виктория  тахминан 1800 метр ва баландии он 120 метр мебошад.  Мегӯянд садои онро метавон дар масофаи 40 километр шунид ва қатраҳои парешони вай то 400 метр боло мехезад ва аз масофаи 50 км ҳам дида мешавад.

Кормандони Кумита дар театри ба номи Қосимов намоиши “Исфандиёр”-ро тамошо карданд

Иртибот бо театр ҳамеша рӯҳу равони касро чун оина поку мусаффо мекунад. Рафтан ба театр ва дар саҳнаи он дидани саҳани зиндагӣ ин тафреҳ нест, балки болотар аз тафреҳ аст. Ин лаҳзаи андеша аст, андешаҳои зиндагӣ. Ва боз агар намоишеро бубинед, ки ҳикоят аз таърих дорад. Дидани таърих худшиносист ва саҳнае аз он дар саҳнаи теар чизе болотар аз ин ҳама аст.

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз вазъи ҳаво дар ду рӯзи оянда

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 9  марти соли 2021 бинобар баланд шудани дамои ҳаво ва боришоти эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

Страницы