Аввалин дозаҳои воксан дар доираи барномаи байналмилалии COVAX , ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ роҳандозӣ мешавад, ба Тоҷикистон расид. Вазорати тандурустии кишвар бо интишори хабар ва як суратгузориш аз фурудгоҳи пойтахти кишвар навишт: Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZeneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад. Ин ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводҳои иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулодда истифодабарандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 61 давлати ҷаҳон истифода бурда мешавад.
Шоми 8 марти 2021 дар чаҳорчӯби ин механизм қисми якум дар ҳаҷми 192 000 воя ваксина тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими расмии таҳвил ва қабули ваксинаҳо ба Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Хусейнзода, Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, Роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавски, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрлин Йосефсон, Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ ва дигар ашхоси расмӣ иштирок намуданд.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин гуфтааст, ки дар марҳилаи аввал тибқи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ/COVAX воридшуда барои фарогирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм нигаронида шудааст.