Озмуни беҳтарин тасвир оид ба ҳолатҳои фавқулодда миёни хонандагон
Чоп шуд: 24/02/2017 | admin
Дар як дарси омӯзишӣ хонандагони синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи рақами 52-и шаҳри Душанбе оид ба ҳолатҳои фақулодда маълумот ҳосил карданд.
Кормандони Марказӣ омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимоти ҳамагонии рақами 52 шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои 2-4 дарси омӯзишӣ бо усули бозӣ гузарониданд.