Як ҳавопаймои мулкӣ дар Русия ҳангоми фуруд ба замин зад, иллати нишасти садамавӣ дақиқ нашудааст. Дар Канада барфи шадид ва боди сард ҳазорон нафарро бебарқ кард. Сӯхтор дар пансионати солмандон 16 нафарро ҷароҳатдор намуд. Дар сонеҳаи нақлиётӣ 15 ҷаҳонгард ҳалок шуд.
Инҳо рӯйдодҳои муҳими ахири олам буданд, ки муфассалтар дар хабарҳо хоҳед хонд.
Шумори ҷаҳонгардони ҳалокшуда дар сонеҳаи нақлиётии Мексика ба 15 нафар арсид
Пойгоҳи интернетии Sipse хабар дод, ки бар асари садамаи автобус дар Мексика 15 нафар ҳалок шуданд.
И манбаъ гуфтааст, ки дар ҷойи ҳодиса 11 нафар ҳалок шуданд ва чор нафари дигар баъдтар дар бемористон ҷон доданд. Аксари ҳалокшудагон шаҳрвандони ИМА, Шветсия, Бразилия ва Иалия буданд.
Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки 18 нафари дигар бо захмҳои гуногун дар бемористон бистарианд.
Ин автобус замоне чаппа шудааст, ки сайёҳонро ба сайри Чакчобен мебурд.
Гуфта мешавад, ки дар байни ин ҷаҳонгардон шаҳрвандони ИДМ набуданд.
Дар сӯхтори пансионати солмандони Маскави Нав 16 нафар ҷароҳат бардоштанд
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар бораи ҷароҳат бардоштани 16 пири барҷомондаи пансионати солмандон дар рустои Картмазовои Маскави Нав хабар дод.
Вай дар Twitter-и худ навишт: “Дар пансионати хусусӣ барои пирон дар Маскави Нав сӯхтори шадид ба амал омад ва бар асари он 16 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба ҳамаи онҳо ёрии тиббӣӣ расонида мешавад. Умедворам ин сӯхтор қурбонӣ ба дунбол нахоҳад дошт”.
“Ҳоло ҳамаи захмиёну сӯхтаҳо ба бемористони дигар интиқол ёфтаанд. Баъди шифо ёфтанашон дубора ба пансионати солмандон равон карда хоҳанд шуд”,- илова кардааст Собянин.
Бар асари суқути ҳавопаймо дар Русия чор нафар ҳалок шуданд
Ҳавопаймои мулкии Ан-2 дар фурудгоҳи шарҳри Нарян-Мара, ки маркази маъмурии округи мухтори Ненетс мебошад, суқт кард.
Хабаргузории РБК истинодан ба манбаъҳои расмӣ иттилоъ додааст, ки ин ҳавпаймо бо хати “Нарян-Мар-Харута” парвоз мекард. Ҳангоми суқут 13 мусофир дошт, ки ду нафари онҳо халабонҳои ҳавопаймо буданд.
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки бар асари садамаи мудҳиш чор нафар, аз ҷумла як тифли 5-сола ҷони худро аз даст доданд ва 11 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса кормандони пулис, духтурон фаъолият доранд. Дар дақиқаҳои аввали садама аз марги ду нафар хабар дода мешуд, вале ҳоло мегӯянд теъдоди ҳалокшудагон ба чор нафаррасидааст.
Ғайр аз ин бино ба иттилои табибон ду нафари дигар ҷароҳати сангин доранд ва ҳолашон вахим аст.
Намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфтааст, ки ҳавопаймо баъди талоши нишасти бебарор ба замин задааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳама ҳолатҳоро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Ҳавои номусоид дар Канада 75 ҳазор нафарро аз нерӯи барқ маҳрум кард
Ҳудудан 75 ҳазор нафар дар вилояти канадиёии Колумбияи Британиёӣ бар асари ҳавои номусоид ва резиши бесобиқаи барф аз нерӯи барқ бенасиб монданд.
Дар ин бора ожонсиҳои иттилоотӣ истинодан ба ширкати таъмини барқи BC Hydro хабар доданд.
“Резиши барфти шадид 75 ҳазор корбарони нерӯи барқро аз истифодаи он маҳрум кард”,- омадааст дар хабари ин шикат, ки дар Твиттер интишор шудааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки барфи шадид бо боди сахт ҳамроҳ буд ва таъсири бештари он дар ҷазираҳои Ванкувер ва Галф ва баъзе манотиқи Лоуэр-Мейнленд эҳсос гардидааст.
Хеле баъдтар ширкат эълон кард, ки барои ҳудудан 45 ҳазор нафар сокинон қувваи барқ дубора интиқол ёфт ва корҳои барқарорсозӣ барои бахшҳои дигар идома доранд.