Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко
Чоп шуд: 02/12/2017 | admin1 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.
Баррасии маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеъи расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.