Дар ин бора имрӯз Сафири Фақулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби И.С.Лякин-Фролов изҳор дошт. Вай гуфт: “Федератсияи Русия ҳамкориҳои стратегиро бо Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳи расонидани кумакҳои техникӣ ва такмили ихтисоси кормандони КҲФ идома медиҳад”.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати намояндагони Хазинаи Трастови Федратсияи Русия бо сарварии сардори департаменти байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии ФР Григорий Устиновро ба ҳузур пазируфт. Ҳайат Сафири Фақулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби И.С.Лякин-Фролов раҳнамоӣ мекард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба меҳмонон дар бораи рафти иҷрои лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳои омодагӣ ва вокуниш”, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия дар доираи Хазинаи Трастови Барномаи рушди СММ сармоягузорӣ мешавад, ошно намуд.
Раиси Кумита қайд кард, ки бо мақсади таҳкими зарфиятҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти воҳидҳои наҷот 11 адад техникаи ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ таҳвил шуд. Як бахши лоиҳа ин омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳост ва ба ин мақсад миёни кормандони КҲФ бо ҷалби мутахассисон аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, Академияи ҳифзи граждании ВҲФ ва Институти умумирусиягии илмӣ-таҳқиқотии масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда давраҳои омӯзишӣ баргузор карда мешаванд.
Дар ҷараёни муколамаи созанда Сафири Фақулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби И.С.Лякин-Фролов изҳор дошт: “Федератсияи Русия ҳамкориҳои стратегиро бо Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳи расонидани кумакҳои техникӣ ва такмили ихтисоси кормандони КҲФ идома медиҳад”.
Ҷаноби Устунив бо изҳори ташаккур аз пазироии гарм ва маълумоти сареъ ва дақиқ дар бораи ҷараёни иҷрои тарҳи муштарак қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Хазинаи Трастов коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, вокуниш ба офатҳо ва хабардорсозии бармаҳал мебошад.
«Мо минбаъд низ ҳама талошҳоро барои расонидани кумакҳои зарурӣ ба Тоҷикистони дӯст дар доираи лоиҳа анҷом хоҳем дод”,- таъкид намуд ӯ.