Пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ Левакант: Вохӯрӣ бо намозгузорон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ

Бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва масъулони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Левакант бо намозгузорон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Мақсади асосии вохӯрӣ пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии ҷавонону наврасон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳангоми оббозӣ дар кӯлҳо, дарёҳо ва дигар манбаъҳои обӣ мебошад. Масъулин зимни суҳбат ба ҳозирин қоидаҳои бехатарии оббозӣ ва омилҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои нохушро тавзеҳ доданд.

Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати Миллӣ

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар ҳамаи сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт масъулин корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ ва баргузории суҳбатҳо миёни ҳайати шахсии қисми ҳарбии 45989 яке аз бахшҳои асосии ин нақша ба шумор меравад.

Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз вуқуи як заминларза дар ҳудуди кишвар хабар дод. Ин манбаъ иброз дошт, ки зилзила рӯзи 17-уми июни соли равон, соати 18:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод.

Ба гузориши манбаъ Маркаази заминларза 164 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 20 километр шарқи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Тамринҳои нав дар Панҷакент

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2025, таҳти №159 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи иншоотии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд»  дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳон, сардорон ва неруҳои

Ду ҳодисаи нохуши рӯзи гузашта

шаҳри Норак

10 – уми июни соли  2025,  соати 12:38 дақиқа навбатдори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак, ба сардори Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак хабар расонд, ки шаҳрванд Хитров Андрей Евгенеевич, соли таваллудаш 27.03.1971, истиқоматкунандаи кӯчаи Ш. Юсуфӣ, хонаи №11, хуҷраи №8 дар дохили хуҷра фавтидааст. Баъд аз гирифтани хабар, ҳайати шахсии Хадамот ба...

Страницы