Садамаи қатори боркаш дар Ёвон. Сабаб боришоти шадид ва эрозияи замин

Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз садамаи як қатори боркаш дар қаламрави ноҳияи Ёвон хабар дод.

Бино ба гузориши расида рӯзи 14-уми декабри соли 2025, соати 07:00 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи Зафар ҳангоми ҳаракати қатори боркаш дар роҳи оҳане, ки аз Бохтар ба самти Ёвон дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама гардид. Манбаъ сабаби онро боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой медонад, ки аз назди он роҳи оҳан убур мекунад.

КҲФ: Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯзи 10 декабри соли 2025, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон доир гардид. Мулоқоти мазкурро намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳӣ намуд.

КҲФ-СУҒД: Наҷотдиҳандагон ҷасади шаҳрвандро аз об берун бароварданд

ноҳияи Айнӣ (садамаи нақлиётӣ)

Санаи 4  декабри  соли 2025, тахминан соати 15:50 дақиқа дар километри 117-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеъи Боғимуроди  ноҳияи Айнӣ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” рақами қайди давлатиаш 7344NN07, ки таҳти идораи ронанда Тоҷибеков Муломурод соли таваллудаш 1986,  истиқоматкунандаи деҳаи Дар-Дари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ таълуқ дошт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идора намудани  нақлиёт набаромада, бо автомашина  ба ҷарии зиёда аз  100 метр сарозер шуда дар дарёи Фон афтида,  дар  ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда. Чӣ бояд кард?

Ҳамчуноне иттилоъ додем, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз олудагии ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар аз моддаҳои муаллақ хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки аз 29-уми ноябр то 1-уми декабри соли равон дар баъзе минтақаҳои кишвар баландшавии ҳолати олудагии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ дар назар аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид тавсия медиҳад:  

 

  1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

Ҳушдор аз олудагии ҳаво дар чанд рӯзи оянда

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз олудагии ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар аз моддаҳои муаллақ хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки аз 29-уми ноябр то 1-уми декабри соли равон дар баъзе минтақаҳои кишвар баландшавии ҳолати олудагии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ дар назар аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани ҳолати олудагии ҳавои атмосферӣ

Страницы