Наҷоти чор нафар дар рӯзҳои истироҳат
Чоп шуд: 22/08/2016 | admin![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/najot.jpg?itok=BGG9jVC6)
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳат боз чор нафар шаҳрвандони кишварро наҷот доданд.
Дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки бо суръати баланд дар ҳоли ҳаракат буд, чаппа шуд ва ба оби канали “Тоҷикистони Советӣ”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳи