Ҷаласаи ботантана дар Кумита

Бахшида ба бистудуюмин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 августи соли 2016 дар Кумита ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни суханронии худ, муовини аввали раиси Кумит,а генерал-майор Рустам Шоҳиён кормандонро ба рӯзи таъсисёбии Кумита табрику таҳният гуфта, ба онҳо беҳтарин хушиҳои рӯзгорро дар зиндагонии шахсӣ ва комёбиҳоро дар кору фаъолияташон орзу намуд.
Рустам Шоҳиён дар бахше аз суханрониаш гуфт: "Фахри Кумита ин кормнадон он мебошанд. Онҳо фидокорона ба кору вазифаҳои худ машуғуланд, ки самараи меҳнати онҳо ин наҷоти ҳаёти инсон аст».
Дар давоми 22 сол ин ниҳод такмил ёфт, аз нигоҳи техникӣ муҷаҳҳазтар шуд ва ин пешравиҳоро мо ҳар рӯз шоҳидем. Муовини аввали раиси кумита аз афзоиши шумори офатҳои табиӣ ва техногенӣ ҳарф зад ва гуфт ин афзоиш аз кормандони Кумита ҳушёриву зиракии фавқулодда талаб мекунад. Зеро мубориза барои пешгирӣ аз оқибатҳои нохӯш аз инсонҳо зиркаӣ ва ҷасорат мехоҳад.
Муовини аввали Раиси Кумита генерал-майор Р.Шоҳиён дар ин рӯз ба беҳтарин кормандон мукофотҳои идоравӣ ва ифтихорномаҳо супурд.
Дар суханрониҳои худ  сардорони раёсатҳо, афсарон ва прапоршикҳо қайд карданд, ки наҷотдиҳандагон доимо барои ҳифзи мардум аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда омода ҳастанд.

барчасп: