Боронҳои пуршиддати рӯзҳои Наврӯз дар баъзе манотиқи кишвар асароти худро гузошт. Ҷойе сел омад, ҷойе сатҳи оби рӯдхонаҳоро баланд кард, ҷойе пулҳоро муддате барои ҳаракати мошинҳо номумкин кард.
Хушбахтона, ин ҳама бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар буд.
Мухтасари ин рӯйдодҳо:
Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ
Шаби 21 ба 22-уми марти соли 2024 бар асари боронҳои шадид 56 метр роҳи байнидеҳавии рустои Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав бо селовардаҳо ва лойу регу шағал пӯшида шуд. Дар айни замон барои тоза кардани роҳ тадбирҳо андешида шуданд. Ҳамчунин то кунун бо истифода аз экскаватор 150 метр роҳ дар селроҳаи деҳаи Ҷамбули ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи мазкур тоза карда шуд.
21 марти соли равон дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Ҳафтеппа ба роҳи мошингарди маҳаллӣ аз кӯҳдоманҳо лойқа фаромад. Ин ҳодиса ҳеч зараре ба хоҷагиҳо нарасонд. Айни замон барои тоза намудани роҳи маҳаллӣ бо ҷалби техника ва аҳолии маҳаллӣ корҳои поккорӣ идома доранд.
21 марти соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Наврӯз ҷамоати деҳоти Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат боло рафтани сатҳи оби дарёи Симиганҷ ба шуста шудани садди ҳифозатӣ таҳдид кард. Дар натиҷа барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ 20 хонаводаи ин маҳал муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол дода шуданд. Барои пешгирӣ аз канда шудани садд ду адад техникаи вазнини муҳандисӣ ва як василаи техникӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷойи ҳодиса равон карда шуд.
21 марти соли ҷорӣ солаи 16:20 вақти маҳаллӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар кӯчаи Канори Муғул ярч роҳи дохилишаҳриро баст. Наҷотдиҳандагони кӯҳии КҲФ ҳамроҳ бо хадамоти роҳи шаҳрӣ бо ҷалби техника паёмадҳои ин ярчро бартараф сохтанд.
Вилояти Хатлон
21 марти соли равон сел дар ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Чорбоғ -2 ноҳияи Хуросон тақрибан ба саҳни ҳавлии 25 сокинони ин деҳа ворид шуд. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашуд.
20 хоҷагӣ (80-нафар) муваққатан ба ҷойҳои бехавф эвакуатсия карда шуданд. Барои корҳои бартарафсозӣ 2 адад техникаи муҳандисии экскаватор сафарбар карда шуд. Корҳои рафъи паёмадҳои сел идома доранд.
21 марти соли равон дар натиҷаи боридани боронҳои бошиддат ва омадани сел дар ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсов, деҳаи Баҳор ба кӯча ва 5 адад қитъаҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон сел ворид шуд. Ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Якатут, деҳаи Дӯстӣ бошад, ҳангоми боридани боронҳои пуршиддат сел тақрибан ба саҳни ҳавлии 15 сокини деҳа ва Корхонаи истеҳсоли пахта ворид шуд. 50 нафар аҳолии зери таҳдид қарордошта бо 30 сар чорво калони онҳо муваққатан ба ҷойҳои бехатар интиқол дода шуданд.
Корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел бо истифода аз ду техника идома дорад.
21 марти соли ҷорӣ ба деҳаи Равшанободи ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён низ сел омад, вале ягон зарар ба қайд гирифта нашуд.
Дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 21 марти соли ҷорӣ сел 3-4 километр роҳи мошингарди Тоҷикистон –Узбекистонро баст. Барои бартараф кардани паёмадҳои он ду техникаи муҳандиии «Грейдер» ва «Мехлопата» ҷалб шуд.
21 марти соли 2024 як сели азим аз тариқи селгузари деҳаи Гулафшон-3, ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон гузашт, вале ҳеч зараре ба хоҷагиҳо нарасонд.
21 марти соли 2024 бар асари боронҳои пайдарпай сатҳи об дар рӯди Ёхсу баланд шуд, дар натиҷа пули мошингузаре, ки деҳаи Дашти Рубот ва Суони ҷамоати деҳоти Шуғновро ба ҳам мепайваст, аз регу шағал пур шуд. Дар натиҷа об аз болои пул мегузашт. Барои бартараф кардани паёмадҳои ин офати табиӣ техникаи муҳандисӣ сафарбар шу два дар айни замон роҳ аз ҳар гуна регу санг тоза карда шу два ҳаракати мошинҳо шуруъ гардид.
21 марти соли 2024 дар роҳ миёни шаҳрҳои Норак ва Ваҳдат резиши санг ба қайд гирифта шуд. Хадамоти роҳи шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса техникаи муҳандисӣ равон кард ва роҳ филҳол аз сангрезаҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.
21 марти соли 2024 бар асари боронҳои шадид оби канали Шураксойи ноҳияи Темурмалик ҷараёни ҳаракати худро тағйир дод ва оби шорида аз канал ҳудуди шуъбаи Хадамоти ҳарбии зиддисӯхтори ВКД дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлонро зери об кард.
Дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Корез, Пушинг, Сафобахш ва маркази ноҳияи Данғара ҷӯйборҳо, каналҳо аз оби борони ба шиддат борида пур шуданд. Дар натиҷа об қитъаҳои ёрирасони хоҷагиҳо ва роҳҳову кӯчаҳоро лабрез намуд.
Дар маҳалҳои Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияву шаҳрҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаву маконҳои осебпазир ва хатарнокро зери назорат гирифтаанд.
Ҳамчуноне гуфтем, дар ин офатҳои ду рӯзи охир ҳеч талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар 27-уми марти соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари резиши санг, лағжиши тарма ва ярч боқӣ мемонад.
КҲФ дар робита ба вазъи имрӯзаи обу ҳаво боз ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ба обанборҳо наздик нараванд, ба шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум рафтан низ маслиҳат нест.
ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҶОНИ ХУДУ ПАЙВАНДОНИ ХЕШРО ДАР ХАТАР НАЯНДОЗЕД!