21 марти соли 2024 тахминан соати 04:30 дақиқа як духтари 17-солаи сокини ҷамоати Қаратоғи деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо кадом сабаби номаълуме худро ба оби дарё ҳаво додаву ғарқ шудааст.
Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳи Турсунзода ва бахши ноҳияи Шаҳринав фавран даст ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ заданд.
Ҷасади ин духтар дар ҳудуди деҳаи Балхаки ноҳияи Шаҳринав пайдо шуд. Кормандони наҷоти Кумита ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ҳамчунин 21 марти соли равон ба шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода хабар расид, ки 20 март соати 12:30 дақиқа як сокини 66-солаи деҳаи Иброҳим Бозорови ҷамоати Сешанбеи шаҳр аз хона берун шуда, дигар барнагашт.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷутуҷӯву наҷот ҷасади ин зани 66-сола аз дарёи Қаратоғ пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.