Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 21-22 марти соли 2024 дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва навоҳии ғарбии ВМКБ боронҳои пуршиддат меборанд. Дамои ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ то 7-9 дараҷа тағйир меёбад.
Дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳои харобкор аз эҳтимол дур нест.
Аз 19 то 23 март дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағжиши тарма вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад худро сари вақт ба сар задани ҳар офати эҳтимолӣ омода созанд. Сари вақт ҷӯйбору каналу селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардаҳову хасу хошок ва сангу шағал тоза кунанд.
Дар чунин рӯзҳо рафтан ба шикоргоҳ барои шикор, ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, анҷоми корҳои кишоварзӣ дар саҳро ва чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо маслиҳат нест.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатриро риоя кунанд, бахусус риояи фосилаи байни мошинҳо як гарави таъмини амният аст.