Наҷоти ҷавони бистсолае, ки аз Турсунзода ба Душанбе омад, то худкушӣ кунад

17 марти соли 2024 соати 21:19 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбадории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки аз пули дарёи Душанбе, ки аз қаламрави маҳаллаи 46 мегузарад, марде ба қасди худкушӣ худро ба оби дарё андохт. 

Дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Ҳарорати оби дарё дар ин замон 10-12 дараҷа гарм буд. 

Имдодгарон бо истифода ресмони эҳтиётӣ то ба ҷойе расиданд, ки ин ҷавон талош мекард худро наҷот бахшад. Ӯро ба жилети наҷот ва ресмон маҳкам бастанд ва аз туғёни об боло кашиданд. Маълум гардид, ки ин ҷавон 20 сол дошта, сокини деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти ба номи Турсунзодаи шаҳри Ҳисор будааст.

Ҳамзамон ба ҷойи ҳодиса кормандони милитсия низ даъват шуда буданд. Ба ҷабрдида ёрии аввали тиббӣ расонданд ва ӯро ба беморхона фиристоданд.

Ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор хоҳад гирифт. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш мекунанд ҳаёти худро қадр кунанд ва бо даст задан ба амалҳои ношоистае мисли худкушӣ худ ва пайвандони худро дар азоб нагузоранд. 

Зиндагӣ зебост ва бояд мубориза бурд, то мушкилот рафъ шавад. Худкушӣ ҳаргиз роҳи наҷот аз мушкилот нест!!!

барчасп: