Наҷотдиҳандагони КҲФ дар Варзоб аз афтидани санги калон дар деҳа пешгирӣ карданд

Як вазифаи муҳими идораи наҷоти кишвар он аст, ки аз хатарҳо ва паёмадҳои маргбори ин ё он ҳодиса пешгирӣ кунад.

Чунончӣ, наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумита дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Оби Гарми ҷамоати деҳоти Хоҷа Оби Гарми ноҳияи Варзоб  барои безарар гардонидани як санги басо бузурге, ки ба ҷони сокинон таҳдид мекард, талош карданд.  Ҳаҷми ин санг бузург беш аз 10 тонна буд. Аммо хатари он дар ҳоли сарозер шуданаш азим мебуд, чун поинтар аз ин санги дар ҳоли хатар хонаву ҳавлии сокинон ҷой гирифтааст.

  

Барои эҳтиёт лозим омад корро дастӣ анҷом диҳанд. Ин буд, ки зарур шуд муддати се рӯз бо истифода аз воситаҳои махсуси техникӣ санги азимро ба ҳиссаҳо пора кунанд ва батадриҷ онро хурд карда, безарар гардонанд.

Хушбахтона, ин кори басо муҳим ба хубӣ анҷом ёфт ва хатаре, ки сокинон шабу рӯз аз он бим доштанд, бо талоши имдодгарони КҲФ бартараф гардид.

барчасп: