15 марти соли 2024 соати 14:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар лифти як бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Абдурраҳмони Ҷомии пойтахти кишвар як сокини 9-солаи он дармондааст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида диданд, ки ин лифт бар асари ноҷӯрии техникӣ миёни ошёнаҳо аз кор мондааст. Онҳо бо ёрии таҷҳизоти махсус лифтро боз карданд ва писарбачаро аз дохили он беосеб берун оварданд.
Соати 20:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ хабар расид, ки дар назди идораи телевизиони «Варзиш» як шаҳрванди 33-солаи пойтахт дар ҳолати ногуворе мондааст ва ниёз ба кумак дорад.
Ба ҷойи ҳодиса расида наҷотдиҳандагон диданд, ки пойи ин сокини шаҳри Душанбе вақти ҷаҳидан аз ҷӯйбор ба панҷараи чуянии ҷӯйбор дармондааст.
Имдодгарон бо ёрии таҷҳизоти махсус ин шаҳрвандро наҷот доданд, барояш кумаки аввалияи тиббӣ расонданд. Ӯ аз бистарӣ шудан дар бемористон даст кашид.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар бартараф кардани як садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Чаноқ ширкат карданд.
Мошини амғаи «Mercedes-Benz», ки аз ҷониби як сокини 33-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, аз пойтахт ба самти хуҷанд равон буд. Вай аз уҳдаи идораи мошин набаромада ба ҷарии умқаш тахминан 250 метр сарозер шуд.
Яке аз мусофирони мошин, сокини 24-солаи вилояти Хатлон адр ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронанда ва се нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморитон интиқол дода шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Бо суръати баланд мошин рондан бахусус дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо хатари зиёд дорад.