Вохӯрӣ бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

15 марти соли 2024 бо мақсади татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 дар марҳилаи аввал (2021-2025) ва тибқи нақшаи кории дохилии Раёсати таъминоти моддию техникӣ, озуқаворӣ, ҳайати шахсии Кумита, ҳамчунин Раёсати сохтмон, истифодабарии бино ва иншоот, Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез мулоқот бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон подполковники адлия Шералӣ Розиқзода баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ Розиқзода Шералӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бо коррупсия, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи методологияи тартиб ва методологияи таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)»-ро шарҳ дода, дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия манфиат ва рушди ҷомеа аст” маърӯза кард.

Ҳамчунин оид ба гирифтани тӯҳфаҳо, муқаррар намудани ҷазо барои гирифтан ва додани пора, миёнаравӣ дар порагирӣ дар шакли ҷарима, ки маблағи чандкаратаи ришваро ташкил медиҳад; аз кор озод кардан бо сабаби аз даст додани эътимод, тартиби тафтиши маълумоти аз тарафи шахсони мансабдори КҲФ ва воҳидҳои тобеъи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия пешниҳодшуда суҳбат кард.
дар хотима миёни кормнадон ва намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: