Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, 7-уми феврали соли 2024 дар қаламрави шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Сафияхон Раҳматоваи 9-сола, сокини ҳамин шаҳр нопадид шуда буд.
Бо расидани ин хабар ба эҳтимоли он ки ин духтар дар рӯди Сир ғарқ шуда бошад, корҳои ҷустуҷӯву наҷот аз ҷониби Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд оғоз гардид. Дар ин муддат имдодгарону ғаввосони Кумита тақрибан ҳар метр роҳи соҳилро бадиққат аз назар гузарониданд, маконҳое, ки эҳтимол мавҷуд будани ҷасади ӯ буд, диданд.
Ғайр аз ин 29-феврали соли 2024 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нома ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Узбекистон муроҷиат кард, то дар корҳои ҷустуҷӯ дар қаламрави ин кишвар кумак кунад.
12 марти солиа 2024 аз ВҲФ Узбекистон номаи расмӣ расид, ки дар он гуфта мешуд аз 2 то 12 марти соли равон гурӯҳи ғаввосони Раёсати ин вазорат дар вилояти Сирдарё дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии ин кишвар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро дар соҳилҳои наздик ба шаҳри Ширини вилоят ба роҳ монданд.
Дар натиҷаи роҳандозии ин корҳо рӯзи 12 марти соли равон, соати 15:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар соҳили канали Мирзочӯли Ҷанубӣ, ки аз ҳудуди шаҳри Ширин мегузарад, ҷасади ин духтар пайдо шуд.