Сабти 29 ҳодисаи фурӯ рехтани тарма дар ду рӯзи охир

Аз 9-ум то 10 марти соли 2024 дар километрҳои 57 то 73 роҳи Душанбе-Айнӣ 29 ҳодисаи фурӯ рехтани тарма ба қайд гирифта шуд. Барои бартараф намудани паёмадҳои офат ва тоза кардани роҳҳо техникаи махсуси ширкати роҳи Innovative Road Solutions (IRS) ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

10 марти соли равон тахминан соати 13:20 дар километрҳои 81 ва 128 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд лағзиши тарма сабт шуд. Барои рафъи оқибатҳои ин тармарезӣ низ техникаи хадамоти роҳи ширкати IRS ва имдодгарони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ҷалб шуданд. Роҳҳо поккорӣ шуда, ҳаракати мошинҳо аз ду самт ба роҳ монда шуд. Бар асари ин лағзиши тарма талафоти ҷонӣ нест.

Шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумита 40 ронанда ва ҳамсафарони онҳоро ба ҷойҳои амн интиқол ва онҳоро бо ғизои гарм ва ҷойи хоб таъмин карданд.  

КҲФ ёдовар мешавад, ки то 13 марти соли 2014 хатари тарма, резиши санг дар навоҳии ғаррбии ВМКБ, қаторкуӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт - Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб боқӣ мемонад.

Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои одии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

КҲФ хотиррасон мекунад: дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.

 

барчасп: