Анҷоми сафари ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сафари хидматии як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати боздид аз сохторҳои наҷоти Созмони миллии идораи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ба анҷом расид.

Ин сафар рӯзҳои 4-6-уми марти соли равон доир шуд ва раиси Кумитаро сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ полковник Музаффар Аҳмадзода ва сардори Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ полковник Иззатулло Қурбонов ҳамроҳӣ мекарданд.

Ҳадафи аввалини сафар боздид аз сохторҳои наҷоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, табодули таҷриба, омӯзиши имкониятҳо ва зарфиятҳои ду ҷониб барои густариши ҳамкориҳои мутақобила дар самти коҳиши хатари офатҳо, пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода буд.

Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон бо муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои доктор Манзур Маъун, вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбари Созмони миллии идораи офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбари созмони ҳавошиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Директори Маркази Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди иттилоот дар бораи офатҳои табиӣ мулоқоти дуҷониба анҷом дод.

Дар ин дидору мулоқотҳо Раиси Кумита оид ба таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, пешрафтҳо ва дастовардҳои солҳои охир дар ин самт, имконияҳо ва зарфиятҳои Идораи наҷоти кишвар дар ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ, муҳим будани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эрон дар пешгирӣ аз офатҳои табииву техногенӣ ва коҳиши хатари офатҳо суханронӣ кард.  

Ҳамзамон, дар ин росто масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза бар зидди абрҳои жоладор, огоҳкунии пешакӣ аз обхезӣ ва хокбориш, мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, омода намудан ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳавӣ ва дигар масъалаҳо дар самти фаъолияти хизматӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 Бо мақсади табодули таҷриба ҳайат аз Созмони имдоди  Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ширкати истеҳсолии молҳои ёрирасон (нассоҷӣ)-и Ҳилоли Аҳмар, Ташкилоти экологӣ, Созмони ҳавошиносӣ, Созмони пешгирӣ ва идораи бӯҳрони Теҳрон, Созмони имдод ва наҷот ва идораи Маркази Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди иттилоот дар бораи офатҳои табиӣ дидан намуда, бо техникаву таҷҳизоти истифодаи хидматӣ дар роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот шинос шуд.

Пешниҳод гардид, ки дар сурати розигии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Шӯрои иҷроияи Маркази Осиёӣ ва Уқёнуси Ором барои рушди мудирияти иттилоот оид ба хатари офатҳои табиӣ (APDIM) оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ ва вохӯрии роҳбарони хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе дар нимаи дуюми моҳи октябри соли ҷорӣ гузаронида мешаванд.

 

Таҳияи Б.Шафеъ

барчасп: