Тарма ва резиши санг дар роҳҳои кишвар

29 феврали соли 2024, соати 18:13 роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим дар километри 31-32, ки аз ҳудуди деҳаи Барҷири ҷамоати деҳоти ба номи А. Замиров, райони Ишкошим ВАБК мегузарад, лағзиши тарма   барои муддате роҳро баст ва ҳаракати мошинҳо номумкин шуд.  Барои тоза кардани роҳ 1 адад техникаи муҳандисии фронталии  Хадамоти роҳи ноҳия ҷалб гардида, соати 19:20 роҳ боз гардид.

Дар натиҷаи боридани барфи шадид рӯзи 29 феврали соли 2024, тахминан соати 06:30 дар километри 11 ва 12-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар дар ноҳияи Сангвор сангрезӣ сабт шуд. Резиши санг роҳро баст.

Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ҷалб гардида, соати 12:05 дақиқа роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Рӯзи 1 марти соли 2024 дар километри 18-уми роҳи Лабиҷар-Марказ дар ноҳияи Сангвор ярч ва резиши санг роҳро баст. Барои бартараф намудани паёмадҳои ин ҳодиса 1 адад техникаи муҳандисии хидамоти роҳ сафарбар карда шуда, соати 08:20 роҳ боз ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

барчасп: