КҲФ: То 4-уми марти соли равон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 1-ум то 4 марти соли 2024 дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин КҲФ ёдовар мешавад, ки бар асари боришоти рӯзҳои оянда хатари барфтӯда дар роҳҳо ва яхбандии роҳҳои мошингард дар навоҳии ВМКБ, қаторкӯҳҳои водии Ҳисор, роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб вуҷуд дорад.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекнуад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Рафтан ба чарогоҳҳои кӯҳиву шикор ва моҳидорӣ низ маслиҳат нест. 

КҲФ аз ронандагон хоҳиш мекунанд пеш аз сафар вазъи роҳҳои омӯзанд, мошинҳои худро аз қабл барои сафар омода созанд, ҳамеша асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанд.

Риояи фосилаи байни мошинҳо хеле муҳим аст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меҳмонон ва сокинони кишвар хоҳиш менуад эҳтиёткор бошанд. Дар ҳоли шоҳиди ҳолатҳои фавқулода шудан, бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат кунанд. 

барчасп: