16 майи соли 2023 дар доираи тамринҳо дар мавзӯи «Машқҳои саҳроӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда» машқҳои амалӣ ва намоишии саҳроӣ дар ҳудуди ноҳияи Балхии вилояти Хатлон баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни машқҳо сатҳи омодагиҳои қувва ва воситаҳои Кумта ҳангоми бартараф намудани паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда тамрин шуд.
Дар ин тамрин беш аз 20 ниҳоди давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Раёсати СММ дар умури паноҳандагон, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва Кумитаи Ҳилоли Аҳмар ширкат карданд.
Тамринҳоро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода, Намояндаи доимии СММ дар ҶТ хонум Парвати Рамасвами, Сардори Раёсати СММ дар умури паноҳандагон дар ҶТ ҷаноби Мулугета Зевди ва дигар роҳбарони вазоратҳо, идораҳои кишвар, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо назорат намуданд.