Суҳбат аз пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Дастгоҳи

Бо мақсади огоҳии бештар дар мавриди бемориҳои уфунӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ ва мавсимӣ дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори Раёсати барномаҳои пешгирии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим – Одинаев Меҳроҷиддин вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва мавсимӣ, омилҳои таъсиррасонандаи ин бемориҳо, муоинаи саривақтӣ ва риояи қоидаҳои пешгирӣ аз сироят ба касалиҳои гузаранда баррасӣ гардиданд.

Дар охири чорабинӣ ба ҳозирин маводи аёнӣ дар шакли брошюра ва варақаҳо тақсим карда шуд.

Чунин вохӯриҳо дар дигар воҳидҳои сохтории КҲФ баргузор мешаванд.

барчасп: