Ду хабар аз рӯзи гузашта

Ду хабар аз рӯзи гузашта

13 сентябри соли 2022 соати 18:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар дарёи Кофарниҳон як сокини 10-солаи деҳаи Камароби ҷамоати деҳоти ба номи У.Назарови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ғарқ шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фиристода шуданд.

Ҷасади ноболиғ 35 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва мақомоти дахлодор супурда шуд.

Бино ба фарзияи пешакӣ сабаби ин фоҷеа оббозӣ дар ҷойи мамнуъ ва беназоратии волидайн аст.

Ҳодисаи нохӯши дигар дар қаламрави ноҳияи Рашт рух додааст. Бино ба маълумоти Сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рашт 12-уми сентябри соли равон тахминан соати 07:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 24-солаи деҳаи Ғавосиёни ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум худро ба оби дарёи Сурхоб ғарқ кардааст. 

Муддати ду рӯз корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷойи ҳодиса идома доштанд. Билохира, рӯзи 14 сентябри соли равон ҷасади ӯ 9 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки бачаҳои ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Ҳамчунин бо эҳтиром хоҳиш менамояд ба ҳамдигар муҳаббату садоқат дошта бошанд, то ба зиндагӣ дилгарм бошанд ва даст ба амалҳои зиште чун худкушӣ назананд.

барчасп: