Сӯхтор деҳаи Оқтоқ ва пайдо кардани ҷасади як писари 14-сола дар оби канали калони Ҳисор

пайдо кардани ҷасад

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябри соли равон тахминан соати 18:20 дақиқа, дар теппаҳои деҳаи Оқтоқи минтақаи 16-уми шаҳраки 192  ноҳияи Шоҳмансӯр сӯхтор ба амал омад. 

Барои хомӯш намудани сӯхтор Хадамоти оташнишонӣ якҷо бо наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар  шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида,  соати 20:20 дақиқа  сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Масоҳати сӯхтор тақрибан 1 га-ро ташкил дода, дар натиҷа ягон талафот ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта  нашуд.

Сабаби сар задани сӯхтор аз ҷониби мақомоти дахлдор муайян карда мешавад.

****   ****   ****

Рӯзи 10-уми сенятбри соли ҷорӣ тахминан соати 13:00 дақиқа шаҳрванд як сокини 14-солаи бинои 4, кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор, дар наздикии кӯли Ҷавонон ғарқ шуда буд.

Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ муддати ду рӯз идома дошт ва билохира дирӯз ғаввосони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ҷасадро 15 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд ва мақомоти дахлдор супурданд.

Сабаби ин фоҷеа беназоратии ноболиғ ва беэҳтиётӣ ҳангоми шиноварӣ гуфта шудааст.

барчасп: