Рӯзи 10-уми сентябри соли 2022 Павел Чернов - як шаҳрванди 38-солаи Русия ҳангоми парвоз дар параплан дар дараи Харангони Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Аз фоҷеа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди двизияи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон Максим Шукшин хабар дод.
Дастаи 7-нафари наҷотдиҳандагон соати 11:25 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафар шуданд ва соати 12:45 дақиқа ҷасади Черновро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Маълум шудааст, ки ҳангоми парвоз Чернов мувозинатро аз даст додаву дигар натавонистааст парапланро идора кунад. Вақте ба замин бархурдааст, ҷароҳатҳои вазнин бардоштаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфтанист, ки ҳодисаи суқути параплан ва ҳалокати одамон дар Тоҷикистон бори аввал ба қайд гирифта мешавад. То ин замон аз ин гуна ҳодисаҳо аслан гузориш нарасида буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикон в адӯстони Павел Чернов изҳори ҳамдардӣ мекунад. Ҳамзамон ба ҳама дӯстдорони истироҳатҳои хатарноку бимафкан хотиррасон мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Ҳалокати Павел Чернов дар матбуоти чопи Русия бозтоби густарда доштааст. Павел Чернов зодаи шаҳри Санк-Петербугри Федератсияи Русия буда, миёни байкерҳои ин шаҳр бо номи Паша Мотозов шуҳрат доштааст. “Фонтанка” навиштааст, ки хабари марги Павелро ҳамсараш Наталя тасдиқ кардааст ва гуфтааст, ки ҳоло дар тараддуди ҷамъоварии маблағ барои овардани ҷасади шавҳараш аз шаҳри Душанбест.
Павел Чернов ба тиҷорати мотосикл машғул буд ва ин шабу рӯз дар як сафари корӣ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт. Субҳи рӯзи 10-уми сентябр вай ба Харангон рафтааст, то дар параплан парвоз кунад. Аммо параплани ӯ баногаҳ суқут кардаву ӯро ба ҳалокат расондааст.
Павел узви ҷомеаи дӯстдорони мотосикли Санк-Петербург будааст. Ҳамсараш Наталя ба хабарнигорон гуфтааст, ки вай дӯст медошт, ки бо параплан парвоз кунад. Ҳангоми парвози фоҷеабор вай танҳо савори параплан будааст. Наталя гуфтааст, ки ба ӯ аз хадамоти наҷоти Тоҷикистон хабар додаанд.
«Ин гуна одамони самимӣ, хоксор хеле каманд. Инсоне буд дар аҳдаш устувор. Ин сатрҳоро менависаму бовар намекунам, ки Паша дигар бо мо нест, ашк гулӯгирам мекунад. Ҳоло ҳатто моҳе нагузаштааст, ки хонаи ӯ рафтаву аз меҳмоннавозии ӯву хонумаш бо як ҷаҳон таассурот баргашта будам. Паша зиндагиро басо дӯст медошт, ин гунаҳо бояд нараванд, бе онҳо ҳаёт бароямон тира аст”,-навиштааст яке аз дӯстонаш аз ҷомеаи дӯстдорони мотосикл.
НТВ гузориш дод, ки ҳамсараш Наталя ахиран дар саҳифаи худ дар шабакаи «Вконтакте» навореро аз ҳалокати шавҳараш гузоштааст. Дар ин навор дида мешавад, ки дар оғоз бод ба парвози параплан монеа эҷод мекунад. Чернов мувозинатро гум мекунад ва наметавонад худро ба даст гирад ва ба шиддат ба сахра бармехурад. Дар пасманзараи ин афтиш ва ин фоҷеа дар навор садои доду фарёди кӯдакон ба гӯш мерасад. Зоҳиран дуртар аз ҷойи ҳодиса кӯдакон ҳузур доштаанд ва аз ҳодиса ба доду фарёд оғоз кардаанд.
ПАРАПЛАН ЧИСТ?
Параплан — як дастгоҳи хеле сабуки паррон, ки бар асоси чатри наҷот (парашют) сохта шудааст. Бо вуҷуди он ки монандиҳо бо чатри наҷот дорад, вале онҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Параплан барои парвози уфуқӣ сохта шудааст, парашют бошад барои парвозҳои амудӣ. Аммо ба параплан метавонанд як таҷҳизоти баҳарактдаровардаеро ҳам ба сони мотор насб кунанд, ки он қодир хоҳад буд ба ҳар масофа ва баландӣ парвоз кунад.
Бо параплан халабонҳои пуртаҷриба метавонанд то ба беш аз 400 метр боло шаванд ва масофаи то ба 300 км-ро тай кунанд.
Аз миёни ҳама дастгоҳҳои паррон параплан сабуктаринҳост. Дар парвоз ҳам хеле одӣ идора мешавад, вале ҳамзамон вай аз вазиши боду обу ҳаво бештар вобаста мебошад. Барои роҳандозии парвозҳо ба хатсайрҳои муайян лозим меояд халабонҳо ҷиддан омӯзиш дода шаванд. Касоне, ки бо парапланҳо парвоз мекунанд, бояд ҳамеша малакаҳои худро такмил диҳанд ва сари чанд вақт дар курсҳои омӯзишии олӣ (SIV) тамрин кунанд.