Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

7 – уми сентябри соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони КҲФ, Сардори Раёсати мудофеа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Кумита ширкат намуданд. 

Бо суханони табрикӣ ҷонишини Раиси Кумита генерал-майор И.Иброҳимзода, сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ, полковник Х.Вализода, кормандони ҷавони КҲФ лейтенант А.Салимов ва прапоршик Б.Ғафуров баромад карданд. 

Сарвари КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода иштирокдоронро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Истиқлоли давлатӣ муборакбод кард ва қайд намуд, ки Истиқлол барои халқи тоҷик беҳтарин дастовард, волотарин арзиш, ҳамчунин шаъну шарафи миллат аст.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои имллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду нафар кормандони Кумита бо медалҳои “Ҷасорат” ва “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд. 

Мукофотҳоро Сардори Раёсати мудофеа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода тақдим намуд.

Бо амри Раиси Кумита барои иҷрои намунавии вазифаи ҳарбӣ ва хидматӣ, далерӣ ва фидокорӣ ва ба муносибати таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони ду Раёсат бо мукофотҳои идоравӣ Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин барои комёбиҳои варзишӣ дар мусобиқаҳо ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.

Гуфтанист,ки дар ин рӯз дар воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор мегарданд.

барчасп: