Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 31 – уми август тахминан соати 20:05 дақиқа дар километри 121-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеи деҳаи Чоре назди пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мутааллиқ буд, ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудааст. Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст. Сабаби садама дақиқан маълум нест, ба эҳтимоли зиёд аз баланд будани суръати ҳаракат ронанда мошинро натавонистааст идора кунад.
Дар садама 3 мусофири дохили мошин ба ҳалокат расидаанд.
Бо дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳ бо ронандаҳо ва мусофирони роҳгузар соҳиби мошин ва яке аз мусофирон, сокини 60-солаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро бо ҷароҳатҳои вазнин аз дохили мошин берун оварда, ба бемористон интиқол доданд.
Ҷасади се мусофири ҳалокшударо имрӯз ҳам дар рӯди Фон меҷӯянд ва дар сурати пайдо шудани он маълумоти иловагӣ интишор хоҳад ёфт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекнуад, ки аксари садамаҳо дар роҳҳои кишвар ба гуноҳи ронандагоне рух медиҳад, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя намекунанд ва дар роҳҳои морпечи кӯҳӣ ҳам бо суръати баланд ҳаракат мекунад.
Кумита ба ронандагон муроҷиат менамояд, ки ҳангоми сафарҳои дур қоидаҳои бехатариву амниятро куллан риоя намоянд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.