Субҳи имрӯз, 8-уми август соати 04:07 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини кӯчаи ба номи Алишер Навоии пойтахт, хонаи №13/4 занг зад ва бо изтироб хабар дод, ки писарбачае дар тирезаи ошёнаи чоруми ин бино истодаву мехоҳад, худро ба зер афканад.
Фавран ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуд. Имдодгарон бо истифода аз тирезаи ҳамсояҳо то писарбача расида, оҳиста ӯро аз ҷойи исташ ба даст гирифтанд ва аз хатаре, ки мехост ба сараш орад, наҷот доданд.
Тӯли муддате, ки наҷотдиҳандагон чораи наҷоти ӯро меҷустанд, фелдшерҳо аз ин даста ӯро саргарми суҳбат бо худ карданд, то таваҷҷуҳаш ба самти дигар ҷалб шавад.
Маълум шудааст, ки волидони ин писараки 8-солаи худро дар хона танҳо мондаанд ва чун аз хоб бедор шудааст, дарро баста дидаву худро танҳо ёфта, тарсидааст. Ва хостаст аз тиреза худро ба зер ҳаво диҳад.
Писарбачаро фавран ба кормандони милитсия супурданд ва онҳо ҳоло сабабҳои ин рӯйдодеро, ки қариб буд бо фоҷеа ба поён расад, муайян мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волидон муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро ҳаргиз тани танҳо дар хона намонанд.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН: