Имдодгарон дареро боз карданд, ки кӯдаки соҳибхона танҳо дохили манзил монда буд

Кормандони дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дари бастаеро боз карданд, ки дохили он тифли соҳибихона танҳо монда буд.

Як бонуи ҷавон, сокини кӯчаи Нахимов 64 / 7 ба қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хабар дод, ки натавонист вориди манзили истиқоматиаш шавад, чун дар маҳкам шудаву писари 7-солааш танҳо дохили он мондааст. 

ОЁ МЕТАВОН КӮДАКОНРО ДАР ХОНА ТАНҲО ГУЗОШТ?

Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, бо таҷҳизоти махсус дарро беосеб боз карданд ва модару писарро саломат ба дидори ҳам расонданд.

Писарбача ба ёрии тиббиву равонӣ ниёз надошт.

Наҷотдиҳандагон бо модари бача суҳбат карданд ва барояш хатарҳои эҳтимолии дар хона танҳо мондани кӯдакро фаҳмониданд.

Ҳамчунин ба писарак низ гуфтанд, ки дар сурати ногаҳон танҳо мондан дар хона бояд чӣ кунад ва чӣ накунад. 

МАВОДҲОИ ҲАМСОН:

ДАРҲОИ БАСТАВУ ТИФЛАКОНИ ТАНҲО ДАР ХОНА
САГҲО ВА КӮДАКОН. ИШОРА БА ЧАНД ИШТИБОҲИ ВОЛИДОН
барчасп: