Ду ҳодисаи рӯзи гузашта. Пайдо шудани ҷасади навраси 16-сола ва бартараф кардани паёмадҳои ҳодисаи комуналӣ дар як бино

27 июли соли 2022 ҳангоми навбатдории шабонарӯзӣ имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷасади як наврасро аз об берун оварданд ва паёмадҳои садама дар системаи коммуналиро дар як таҳхонаи бинои истиқоматӣ рафъ намуданд.

Чуночӣ, наҷотдиҳандагони дастаи байниминтақавии минтақаи Кӯлоби КҲФ бо роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯву наҷот ҷасади як навраси 16-сола, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро пайдо ва аз об берун оварданд. Ин наврас пештар дар обанбори НБО Норак, ки аз қаламрави деҳаи Себистон мегузарад, ғарқ шуда буд.

Ҷасади ӯро ба волидонаш супурданд.

27 июли соли 2022 соати 18:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории КҲФ як сокинои бинои №14-и кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе занг зад. Вай хабар дод, ки қубури интиқоли об хароб шудааст ва оби аз он шорида таҳхонаро пур кардааст.

Барои бартараф кардани пайёмадҳои ин ҳодиса дастаи имдодагарони Раёсати КҲФ дар шаҳри  Душанбе фиристода шуданд.

Онҳо ба ҷойи ҳодиса расида, обро аз таҳхонаи бино берун кашиданд ва сабаби ин садамаро низ бартараф карданд.

барчасп: