Пайдо шудани ҷасади ду ноболиғи ғарқшуда дар як рӯз. Яке аз онҳо 11 рӯз пеш ғарқ шуда буд

Шабонарӯзи гузашта аз обҳои кишвар боз ҷасади ду ноболиғ пайдо ва волидонашон смупурда шуданд. Мо ҳамарӯза шоҳиди ғарқ шудани наврасону ҷавононе мешавем, ки аз сад гул як гулашон ҳам нашкуфтааст. Ҳамвора огоҳ мекунем, ки волидон фаразандонашонро беназорат нагузоранд, вале...

Рӯзи гузашта, 19-уми июл, соати 16:40 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як писарбачаи 14-сола, сокини деҳаи Ориёни ҷамоати деҳоти Шарафободи шаҳри Ҳисор ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади писарак то соати 19:10 дақиқа идома кард ва ғаввосон ӯро 10 километр дуртар аз макони ҳодиса, дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар соҳили рӯди Кофарниҳон пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади писарбачаеро дар об пайдо карданд, ки 11 рӯз пеш, аниқтараш бегоҳии 7-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд.

Муддати ин рӯзҳо корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ идома доштанд ва билохира рӯзи 19-уми июли соли равон ӯро пайдо карданд ва ба волидонаш супурданд. 

Сабаби ин ҳодиса шиноварӣ дар макони мамнуъ ва риоя накардани қоидаҳои шино дар об буд.

барчасп: