Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз даргузашти нобаҳангоми полковник Сайидзода Абубакр Сайид андуҳгин аст

Ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти ногаҳонии сардори шуъбаи байниминтақавии Кумита дар минтақаи Кӯлоб полковник Сайидзода Абубакр Сайид андуҳгин буда, ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум таъзия баён мекунад.

Рафтани ӯ талафоти бузургест барои идора. Вай Инсони ҳақиқӣ буд, ҳамкори кордону дӯсти шафиқ. Афсари воқеъӣ, ки худро ҳамеша омодаи хидмати шоиста ба Ватан медонист, шахсияте буд барои ҳифзи Ватан чизеро аз худ дареғ намедошт: дониш, таҷриба,  малака. 

Сайидзода Абубакр Сайид 13 сентябри соли 1963 таваллуд шудааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст.

Аз соли 1986 то 1991 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Фаъолияти кории худро соли 1981 чун машинист-оператори дараҷаи 4 оғоз намудааст.

Баъди хатми донишоҳ ва кор дар вазифаҳои гуногун соли 2003 ба хидмат дар идораи наҷоти кишвар ҷалб шудааст.

Аз соли 2016 то охирин лаҳзаҳои умраш сарварии бахши байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. 

Сайидзода Абубакр Сайид барои хидматҳои арзишмандаш бо чандин мукофотҳои идоравӣ ва мукофоти давлатии медали Шуҷоат сарфароз гардонда шудааст.

Хотираи дурахшони ӯ ҳамеша дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд! 

барчасп: