Се ноболиғи ғарқшуда дар рӯди Душанбе ва Сурхоб. Яке наҷот ёфт, дуи дигар фавтиданд

Баъд аз зуҳри рӯзи 8-уми июли соли 2012 ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки ду ноболиғ дар минтақаи пули "Султони Кабир"-и дарёи Душанбе дар об ғарқ шудаанд. Ҳозирон якеро наҷот додаанд, дуюмӣ аз назарҳо нопадид шудааст.

Дастаи наҷоти Раёсат фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расид. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот соати 18:10 дақиқа ҷасади ноболиғи ғарқшуда пайдо ва ба кормандони ШКВД-1 ноҳияи Фирдавсӣ супурда шуд.

Наврасон, ки яке 12 ва дуюмӣ 13 сол дошт, ҳарду сокинони кӯчаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсии пойтахт будаанд. 

Сабаби марги ноболиғ таҳқиқ мешавад. 

Як писари 9-сола, сокини деҳаи Хоҷасартези ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик низ рӯзи 9-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ дар рӯди Сурхоб ғарқ шудааст. Ҳамдеҳагон ҷасади ӯро пайдо ва ба волидонаш супурдаанд.

Вақтҳои охир дар обҳои кишвар ғарқ шудани ноболиғону наврасон зиёд ба қайд гирифта мешавад. Таъкиду ташвиқҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳушдорҳои пайваста ба волидон дар мавриди беназорат нагузоштани кӯдакон ҳамоно нодида гирифта мешавад.

 Волидон бештар ҳолатҳои ба сарнавишти фарзандонашон бетарафанд ва худро масъули амалҳои онҳо намедонанд. Дар аксар ҳолатҳое, ки наврасон дар обҳо ғарқ мешаванд, дида мешавад, ки онҳо худсарона бо вуҷуди он ки шиноварӣ наметавонанд, вориди об мешаванд ва ҷони худро аз даст медиҳанд. 

барчасп: