7 июли соли 2022 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва дигар чорабиниҳо таҷҳизотҳои техникӣ, ки аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон харидорӣ шудааст, пешниҳод гардид.
Ин дастгирӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Тақвият бахшидан ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо», ки байни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расидааст, дастрас гардид.
Ба наҷотдиҳандагони Кумита таҷҳизотҳои зерин пешниҳод гашт: камзулҳои наҷотдиҳӣ,партобандаи хати пневматикии наҷотдиҳӣ, дудҳои ранги сурх ва норанҷӣ, нардбонҳои начотдиҳӣ ва суфтакунандаи ларзиш.
Ҳамаи ин таҷҳизотҳо барои бурдани корҳои наҷотдиҳӣ ва барои кормандони лабораторияи химиявию радиометрӣ пешбинӣ шудааст.
Дар маросим муовини раиси Кумита полковник Сулаймон Исозода ва роҳбари Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел ширкат доштанд.
Муовини Раиси Кумита полковник С.Исозода ба шарикон барои кумак изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки ин таҷҳизотҳои мазкур бешубҳа барои наҷоти ҳаёти зиёди одамон ва осон кардани кори наҷотдиҳандагон мусоидат мекунад.