Хабарҳои рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ё техногенӣ ба қайд гирифта нашуд. Аммо бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар дар баъзе ноҳияҳо аз 8 то 10-уми июл ҳавои тираву пургарду хок боқӣ мемонад. Рӯзҳои 8-10 июл дар ноҳияҳои кӯҳиву баландкӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба аҳолӣ ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекнад, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд ва ронандагон қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд.   

7-уми июли соли равон ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар рӯди Душанбе, наздикии маркази савдои “Ёвар” ҷасаде дар об намоён шуд.

Ғавввосони Кумита аз Раёсати Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади як марди ба тахмин 35-40 соларо аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги он таҳқиқ мешавад. 

Ҳодисаи нохуши дигар соати шаши бегоҳ дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғ аз деҳаи Истиқлол-1, ҷамоати М.Турсунзодаи ноҳия ҳангоми оббозӣ бо дӯстонаш дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.

Ин писарбача 12 сол доштааст. Ҷустуҷӯи ҷасади писарак тамоми рӯз идома дошт, вале бенатиҷа буд. Аз субҳи имрӯз кофтуков аз ҷониби ғаввосони Кумита идома дода шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волдидон муроҷиат мекунад, ки ҳаргиз фарзандонашонро беназорат нагузоранд. Албатта тамошои истироҳат дар фасли тобистон ҷолиби диққат аст, вале он ҳодисаҳои нохушеро ҳам дар пай дорад.

Фарзандонатон нури чашмони шумоянд ва талош кунед ҳамеша бо онҳо бошед.

 КҲФ ҳамзамон хабар медиҳад, ки шумори ғарқшудагон дар обҳои кишвар рӯ ба афзоиш дорад ва як ҳиссаи онҳо бачаҳои ноболиғ мебошанд.

Ҷони худ ва фарзандонатонро эҳтиёт кунед!

барчасп: