Баргузории ҷаласаи мушовараи Кумита

7 июли соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Кумита полковник Ҳотамшо Латифзода  ва бо иштироки сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Маҷидзода ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали КҲФ баргузор шуд.

Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, шуъбаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, инчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои тадбирҳои андешидаи КҲФ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар давраи ҳисоботӣ, муваффақияту камбудиҳои бадастомада, инчунин чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар нимсолаи аввали соли 2022 баррасӣ шуданд. 

Аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2022 муовини якуми Раиси КҲФ полковник Ҳ. Латифзода суханронӣ кард.

Ҳамчунин, ҳисоботи сарварони Раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, сардорони Раёсати таъминоти моддӣ, Хадамоти зидди жола, Раёсати Қӯшунҳо ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз шунида шуд.  

Аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ва воҳидҳои сохтории он дар нимсолаи дуюм татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои табиӣ, талафоти ҷонӣ аз онҳо, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, таъмини омодагии қувваҳо ва воситаҳои КҲФ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба вазъи омодагии ҳарбӣ, сиёсӣ, сафарбаркунии қисмҳои низомӣ, фаъолияти ҳаррӯзаи қӯшунҳо, таъминоти моддию техникӣ ва озуқаворӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва таъмири техника, аслиҳа ва фароҳам овардани шароит барои омодагии ҳарбӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.  

Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Маҷидзода А. зимни суханронии худ даъват намуд, ки барои беҳбуди фаъолияти раёсатҳо ва умуман КҲФ дар соли 2022 ҳамкориҳои байниидоравӣ ҷиҳати коҳиши хатари офатҳо ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои об тақвият дода шаванд. 

Муовини якуми раиси КҲФ полковник Латифзода Ҳ. ҷаласаро ҷамъбаст намуда ба  аҳамияти иҷрои фармону дастурҳои дахлдори Сарвари давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои вазифаҳои ба зимма гузошташуда таъкид намуд. Полковник Латифзода ҳамчунин аз ҳайати шахсӣ риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва хидматиро талаб кард. 

Дар ҷаласа барои нимсолаи дуюми соли 2022 вазифаҳо гузошта шуда, самтҳое муайян карда шуданд, ки дар онҳо кор бояд пурзӯр карда шавад.

барчасп: