Анҷоми марҳилаи аввали сохтмони Маркази миллии таълимии омодасозии наҷотдиҳандагон (ВИДЕО)

5 июли соли 2022 дар доираи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ба эътидол овардани марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки тавассути Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, марҳилаи аввали корҳои таҷдид ва сохтмони Маркази миллии таълимии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёфт.

Дар маросим Раиси КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Мэрилин Йосефсон, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ҷаноби Вук Жугич, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати ноҳияи Шаҳринав, Абдуқодир Вализода, як қатор сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилали муқими кишвари мо ширкат намуданд.

Сарвари Кумита дар расми ифтитоҳ суханронӣ намуд ва  бо изҳори сипос ба шарикон ҷиҳати дастгирӣ ва анҷоми як кори мондагор қайд кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо сатҳи дониши наҷотдиҳандагон ва омодагии онҳоро баланд мебардорад, балки ҳамдастии онҳоро дар муқовимат бо офатҳои табиӣ ва рафъи паёмадҳои он таъмин мекунад.

“Кори муштарак ба мо имкон медиҳад, ки ба низоми ҷаҳонии вокуниш ба офатҳои табиӣ фаъолона ворид шуда, бо шарикони хориҷӣ самаранок ҳамкорӣ кунем, инчунин лоиҳаҳои якҷояро дар ин самт амалӣ созем, ки бешубҳа ба муҳимтарин чиз – наҷоти ҳаёти инсон мусоидат мекунад”, - гуфт Раиси Кумита.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Вук Жугиг ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати ноҳияи Шаҳринав Вализода дар бораи ба ҳам овардани амалҳои муштарак ва татбики минбаъдаи дигар лоиҳаҳо оид ба пешгирй ва рафъи окибатхои офати табий изҳои назар намуданд.

Сипас, ба меҳмонон оид ба корҳои таъмиру сохтмонӣ дар марҳилаи аввал ва нақшаҳои марҳилаи дуюм муаррифӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки омӯзишгоҳ дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав дар масоҳати 28 гектар ҷойгир буда, аз биноҳои таълимӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ, ошхона, толори варзишӣ иборат аст. Ҳамаи биноҳо бо техникаи муосир муҷаҳҳазанд, системаи гармидиҳии фаъол доранд. Атрофи бино сабзу хуррам гардонда шудааст.

Пойгоҳи таълимии миллӣ ин як маҷмааи беназири махсусгардонидашуда мебошад, ки бо дарназардошти вижагиҳои минтақа сохта шудааст. 

Дар тамрингоҳҳои он наҷотдиҳандагон намунаҳои нави таҷҳизоти наҷотро меомӯзанд, бо онҳо ҳолатҳои мухталифи корҳои имдодрасониро тамрин мекунанд.

Гуфтанист, ки ин лоиҳа аз се марҳила иборат буда, он коре то кунун анҷом шудааст,  марҳилаи аввали он аст.

барчасп: