Ҳушдор аз ҳавои ғуборолуд ва эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад, ки то 8-уми июли соли 2022 дар қаламрави як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳавои ғуборолуд боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин дар ноҳияҳои кӯҳиву баландкӯҳи вилояти Суғд, навоҳии тобеъи марказ ва ғарби ВМКБ ба сабаби об шудани пиряхҳо омадани селҳо эҳтимол доранд. 

Баъзе тавсияҳои Кумита дар чунин рӯзҳо:

  • Одамони солхӯрда, кӯдакону наврасон бояд дар чунин ҳаво худро эҳтиёт кунанд. Сайругашт барояшон мумкин нест. Касоне, ки бемориҳои дилу раг, фишор, астма, бронхит доранд, ҳатман бояд захираи доруҳои лозимаро барои эҳтиёт бо худ дошта бошанд. Дар ҳоли бад шудани вазъи саломатӣ ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кунанд. 
  • Бояд ба миқдори зиёд об нӯшид. Ҳатто на камтар аз 2 – 2,5 литр дар як рӯз ва аз ин миқдор ақалан 0,5 литри он оби минералӣ бошад.  
  • Дар тӯли рӯз ҳарчи бештар бояд бо оби сарду форам оббозӣ кард, душ кард (5-20 дақиқа зери оби душ будан манфиат дорад). Ин амал боиси рафъи хастагиву беҳолӣ мешавад. 
  • То имкон доред аз ҳавополоҳое истифода кунед, ки полоишгари муосир доранд.
  • Аз 2 то 3 истакон нӯшидани чойи кабуд дар як рӯз муфид аст.
  • То ҳадди имкон тирезаҳоро баста нигоҳ доред. Агар шумо ба ҳар ҳол ба қароре омадед, ки ҳавои хонаро тоза кунед, пас бояд ҳатман бидонед, ки бадтарин вақти тоза кардани ҳавои хона ин субҳи бармаҳал аст, вақтест, ки ҳама омехтаҳои хатарнок ба қабати рӯизамини мутамарказ мешавад. То нисфирӯзӣ дамо гарм мешавад ва ин омехтаҳо зери таъсири ҷараёнҳои болораванда боло меравад.  Метавонед ба тирезаҳои бози хона дока ё тӯр кашед.
  • Талош кунед зиёд кори ҷисмонӣ анҷом надиҳед. Ҳар кори иловаи ҷисмонӣ нафаскашии шуморо душвор мекунад ва ин ба саломатии шумо таъсири манфӣ мерасонад.
  • Дар ин гуна рӯзҳо духтурон тавсия намедиҳанд, ки шумо аз ҳар гуна линзҳои тамос истифода кунед. Илова бар ин агар чашмонатон бар асари ин чангхок осеб бинанд ва душворӣ пеш оранд, шумо метавонед онҳоро бо доруҳо, аз ҷумла ашкҳои сунъӣ ё табиӣ бишӯед. 
барчасп: