Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали фаъолияти Раёсат баргузор шуд, ки дар он Сардори Сарраёсати ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд полковник Ҷамшед Камолов ширкат намуд.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Раёсат дар давраи ҳисоботӣ дар тамоми самтҳои фаъолият таҳлил ва баҳогузорӣ карда шуд. Кулли масоил мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Диққати бештар ба чорабиниҳо дар мавсими тобистон, бахусус истироҳати шаҳрвандони дар соҳили обҳои вилоят равона гардид.
Сарвари Раёсат самтҳои афзалиятноки фаъолият дар нимсолаи дуввуми соли ҷориро муайян намуд.
Ҳамчунин ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қаламрави Раёсати вилоятӣ як майдончаи варзишӣ сохтаву ба истифода дода шуд.
Ин майдончаи варзишӣ барои баргузории бозиши футболи хурд, волейбол, баскетбол буда, дар сурати ба истифодаи пурра додани он имкониятҳои машқ ба дигар намудҳои варзиш низ пайдо мешаванд.