Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайваста миёни аҳолӣ барои эҳтиёт дар ҳавои гарм, риояи қоидаҳои оббозӣ, будубош дар соҳили обҳо ва ғайр корҳои таблиғотӣ мебаранд. Ҳадаф пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар обҳо дар ин фасли гарм аст.
Ҳангоми рейдҳои пешгирикунанда дар қаламрави шаҳри Левакант ва ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба сокинон дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва таъмини амнияту бехатарӣ нақл карданд.
Мутахассисони раёсат ҳамчунин дар бораи ҳарорати баланди ҳаво ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши эҳтимолӣ бо аҳолӣ суҳбат карданд. Ба онҳо гуфтанд, ки дамои гарми ҳаво мушкилиҳои худро дорад ва тавсияҳо доданд, ки сокинон бояд чӣ кор кунад.
Ҳамчуни кормандони Раёсат ҳамин гуна корҳои таблиғотиро аз тариқи шабакаҳои радио ва телевизиони қаламрави вилоят аноҷм медиҳанд.